About the Book
Китоби навбатие, ки бо кумаки Худованд бо хати срилики барои бародарони Тоҷик нашр шуд, китоби муҳиме дар бораи ҳақиқати мазҳаби ташаюъ ба шумор меравад ва аҳамияти ин китоб чунончи мутарҷим онро зикр кардааст, аз умури зайл мебошад: Авваан: ин китоб дар бораи мунозараи имом Содиқ бо як Рофизист ва ганҷе аз ганҷинаҳои арзишманде аз қарни дуввуми ҳиҷрӣ аст. Дуввум: Ин китоб бар вифқи манҳаҷм муҳаддисин ва бо санади мутассил ривоят шудааст. Саввум: муҳтавои ин китоб бо шахсияте аз боризтарин шахсиятҳои илмӣ ва таърихӣ ва аҳли байти Паёмбар (с), яъне имом Ҷаъфари Содиқ (р) марбут аст. Чаҳорум: мавзуъи китоб аз печидатарин масъалаест, ки дар таърихи Ислом байни Аҳли Суннат ва аҳли бидъат, яъне Равофиз, ва ба таври умум Шиъаён вуҷуд дорад. Яъне мавзуъи имомат ва Саҳоба (р), мебошад. Панҷум: Ҳазрати Ҷаъфари Содиқ (р) ки Шиъаён муддаъи ҳастанд мазҳабашон ба эшон мунтасиб аст, дар ин мунозара ба намояндагӣ аз Аҳли Суннат ва хонадони Нубувват ва Аҳли байти Паёмбар (с), ақидаи ҳаққияи фирқаи ноҷияи мансура, яъне Аҳли Суннат, ки ақидаи умуми муслимин ва гирифташуда аз Қуръон ва Суннати Саҳеҳ ва ақли солим аст баён фармудаанд. Ба умеди он ки ин китоб сабаби ҳидояти афроде шавад, ки дар чоҳи залолат ва инҳироф афтоданд.