Book Info

About the Book

Номи китоб: Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора
تزين العبارة لتحسين الإشارة

Муаллиф: Мулло Алӣ Қорӣ
ملا على قارى

Мутарҷим: Маҳмудҷон Тураҷонзода
محمود جان توره جان زاده

Маълумоти мухтасар дар бораи китоб
Китобе, ки дар даст доред, навиштаи яке аз олимони барҷастаи олами ислом, фақеҳу муҳаддис, Мулло Алӣ Қорӣ мебошад ва яке аз масъалаҳои муҳимеро матраҳ ва баррасӣ кардааст ва он ҳам яке аз суннатҳои Расули акрам (с), «ишораи саббоба» мебошад, ки дар байни мусалмонон, мутаассифона аз сабаби ҷаҳлу нодонии бисёре аз мардум, ихтилоф ихтилоф воқеъ шудаст. Муаллиф бо далелҳои возеҳу қавӣ собит месозад, ки ишори саббоба яке аз суннатҳои Расули акрам буда ва дар мазҳаби ҳанафӣ ҳам ин амал вуҷуд дорад ва бисёре аз фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ ба суннат будани он қоил ҳастанд.
Аз Худованди маннон таманно дорем, ки ин китобро сабаби рафъи ихтилоф бигардонад ва муаллифу мутарҷим ва тамоми касоне, ки дар нашри ин китоб саҳм гирифтанд, аз аҷри ҷазили худ, ки барои эҳёгарони суннат омода кардааст, бонасиб бигадонад.
 

  • Diwy: 297/4
  • Pages: 163
  • Views: 306841
  • Downloads: 94784