ВАҲДАТ ВА ШАФҚАТИ САҲОБА ВА АҲЛИ БАЙТ БО ЯКДИГАР

Шайх Солеҳ ДАРВЕШ

Book Info

About the Book

ТАҲРИФИ ТАЪРИХ
Дар таърих собиқа надорад, ки шогирдон ва ҷоннисорони расул ва паёмбаре пас аз имон ва пухта шудан дар кўраи озмоишот ва касби даҳҳо ва садҳо медали ифтихор бо хонадони мўъмини ў ба ситезу душманӣ бипардозанд. Аммо мутаассифона бо таҳрифи таърих ва дурўғпардозиҳои афсонавӣ чунин вонамуд шуда, ки гўё паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) дар тафҳим ва иҷрои рисолати худ (наъузу биллоҳ) ноком буда ва дар тамоми муддати бисту се соли даврони тиллоии таърихи башар, ки эшон намунаи комил аз як инсони комил бо пуштибонии ваҳй ва назорати илоҳӣ раҳбарии ҷаҳони маънавиятро ба ўҳда дошта, натавониста ҷуз чанд нафар, ки ададашон аз ангуштони як даст бештар нест, шогирдонеро парвариш диҳад, ки пас аз вай ҳадди ақал бо хонаводаи эшон робитаи самимӣ дошта бошанд.
Бисёр аҷиб аст! Чӣ тавр бояд ингуна афсонаҳоро бовар кард, дар ҳоле, ки тибқи далелҳои равшан ва бурҳонҳои қотеъ асҳоби Расули акрам (с) ва аҳли байти ў на танҳо ёру ёвари якдигар буданд, балки бо вуҷуди баъзе ранҷишҳои табиъӣ дар ҷомеаи башарӣ пайванди ногусастанӣ миёни онон вуҷуд дошт ва ба якдигар бисёр эҳтиром доштанд ва бо якдигар пайванди хешовандӣ барқарор мекарданд ва ба номҳои якдигар ифтихор меварзиданд.
ИН КИТОБ
Китобчаи хурде, ки инак дар даст доред, умедворем битавонад ин воқеиятро равшан кунад, гарчи ин мавзўъ бисёр густурдааст, аммо мутмаинем, ки возеҳшавии ҳақиқат ва ихлосу ангезаи ваҳдатталабӣ ва баёни шевову қалами расои нависанда хоҳад тавонист ташнагии ҳар мусалмони ҳақиқатҷўро бартараф намуда ва ин воқеияти равшане, ки бо ақлу нақл ва фитрати солим мутобиқ аст, тавассути ҳамин саҳифаҳои андак ва бидуни ниёз ба китобҳо ва манобиъи бештар барои ҳамаи ҳақҷўён ва ваҳдатхоҳони воқеӣ равшан намуда, роҳи ваҳдат, муҳаббату ҳамзистии мусолиматомезро барои мусалмонон ҳамвор гардонд.

  • Diwy: 297/4
  • Pages: 73
  • Views: 215155
  • Downloads: 41068